Бо ташаббусти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май, Спартакиадаи варзишї байни донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии пойтахт аз рўйи намуди волейбол, шоҳмот ва тениси рўйи миз баргузор гардид.
Спартакиадаи варзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад, ки иштирок ва ишғол намудани ҷойҳои намоёни варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гувоҳи он аст.
Чун анъана ҳамасола бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, Спартакиадаи варзишї байни донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии кишвар гузаронида мешавад.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории Спартакиадаи варзишї пеш аз ҳама ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, пешгирӣ кардани таъсири ақидаҳои ифротиву харобкорона мебошад.
Ҳамчунин, варзиш – омили муҳими солимӣ ва машғул гардидан ба он ифодагари баҳамоӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа мебошад.
Ғолибони даври минтақавии Спартакадиаи варзишї, аз руи намуди волейбол, тениси рўйи миз, ва шоҳмот ба даври ҷумҳуриявии Спартакидаи варзишї, ки 25 майи соли равон дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» баргузор мегардад, роҳхат мегиранд.