Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони ташкилотҳои соҳа, гирандагони стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дили ман пеши ҷаҳонест, ки номаш Ватан аст» ба муносибати Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 9 май, ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоишро Қурбонов М, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Зикр гардид, ки дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд»
Дар ҳамоиш, Исмоилов Ёдгор, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнї дар мавзуи «Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ба фашизм», Дар ҳамоиш Қурбоналӣ Раҳимов, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба як номаи таърихии Лутфулло Бузургзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм аз набардҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ, Сангинов Комрон, сарнозири ҳуқуқи шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ дар мавзўи «Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърўза намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш зикр гардид, ки халқи шарафманди тоҷик хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.