Дар толори меҳмонхонаи «Румӣ»- шаҳриДушанбе дар доираи лоиҳаи Иттифоқи касабаикормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ташкилоти Байналмилалии Маориф бароираисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаикормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоятиХатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеиҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣсеминари омўзишӣ баргузор гардид.
Семинари омўзиширо Зулҳия Нозакзода, раисиИттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, оид баҳамкории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ваилм бо Ташкилоти Байналмилалии Маориф, мақсади асосии лоиҳаи «GO PUBLIC» иброзиандеша намуд.
Зикр гардид, ки дар Ташкилоти БайналмилалииМаориф 383 ташкилоти иттифоқи касаба шомилгардида, манфиатҳои 32 миллион нафаромўзгоронро аз 178 кишвари ҷаҳон намояндагӣменамояд.
Сипас иштирокчиёни семинар давоми ду рўз ба таври назариявӣ ва амалӣ оид ба масъалаҳоиҳимояи манфиатҳои омўзгорон ва кормандонисоҳаи маориф, баланд бардоштани дараҷаитахассусии омўзгорон, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ вамуҳайё намудани шароити хуби меҳнат, ҳуқуқҳоииттифоқи касаба дар доираи шарикии иҷтимоӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои омўзгорон, манфиатҳоимеҳнатии кормандон дар созишнома вашартномаҳои коллективӣ, амалӣ намудани назоратиҷамъиятӣ ба рафти иҷрои созишномаҳо вашартномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатиифардӣ ва коллективӣ, ҳуқуқҳои иттифоқҳои касабаоид ба дастрас намудани маълумот, таълим ватакмили ихтисоси кадрҳои иттифоқҳои касаба, таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмилдоданд.