Дар толори меҳмонхонаи «Румӣ» – и шаҳри Душанбе ба иштироки раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат-28 апрел ва Рўзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон – 1 Май, ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш нахуст, Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба муносибати 28 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ва Рўзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон – 1 Май ба самъи иштирокчиёни ҳамоиш расонида шуд.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҳамасола Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил карда мешавад.
Тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои касаба» назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат бар души иттифоқҳои касаба вогузор карда шудааст. Дар ин самт дар баробари доштани ҳуқуқ, уҳдадориҳо дар бахши таъмини ҳифз ва бехатарии меҳнат вазифаи иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд.
Сипас, Қурбонов М.-муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорат ва ҳифзи меҳнат оид ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва маърифати ҳуқуқии кормандон ва корфармоён ба риояи ҳифз ва бехатарии меҳнат, ҷалби таваҷҷуҳи тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат, пешгирии касалиҳои касбӣ, таъмини кормандон бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, фароҳам овардани шароити зарурии бехатарии меҳнатӣ-маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ дар ҷойи кор, пурзўр намудани корҳои пешгирӣ-профилактикӣ дар самти ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани масъулияти маъмурияти ташкилоту муассиса ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат маърўза намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-Май дар як фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бо қаноатмандӣ иброз мегардад, ки фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат, таъсиси ташкилоту корхонаҳо, ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандону аъзои оилаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин тадбирҳо боиси руҳбаландии аҳли заҳмат арзёбӣ мегардад.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, умед ба он дорад, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои соҳа таҳким ва тақвият ёфта, барои меҳнати солим ва бехатарии кормандон мусоидат менамояд.