Санаи 16 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён бо иштироки М.Қурбонов-мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Ширинзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, С.Мирзоев-мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён, корфармоён ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касаба доир гардид.
Семинари мазкурро М.Ширинзода оғоз намуда, сипас М.Қурбонов вобаста ба омилҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корфармоён ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касаба, масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни Иттифоқи касаба, беҳтарсозии ҳуҷҷатнигориҳо дар муассисаҳо ва ғайрайҳо маърӯза намуд.
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида бо иштирокчиён саволу ҷавобҳои ҷолиб доир гардида, ҳозирин ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир, С.Мирзоев меҳмононро хайрамақдам хонда, аз баргузории як семинари омӯзишӣ дар сатҳи баланд миннатдорӣ намуд.