Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи эълони соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии раисон ва фаъолони ташкилотҳои соҳа, баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намуда истодааст.
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар доираи эълони соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ барои раисон ва фаъолони ташкилотҳои зерсохторӣ, семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Зимни ифтитоҳи семинари омӯзишӣ, Муҳаммад Қурбонов, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба он алоқаманд иборат буда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудаанд.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста зимни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ шакли бисёрҷанбаи фаъолияте аст, ки дар амалигардонии он низоми маориф нақши асосӣ дорад. Муносибати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба қонун амалан аз сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва огоҳияшон аз муҳтавои қонунгузории амалкунанда вобаста буда, дар амалӣ намудани ин талабот нақши соҳаи маориф хеле назаррас аст.
Дар семинари омӯзишӣ раисон ва фаъолони ташкилотҳои зерсохторӣ, донишу малакаи хешро оид ба муносибатҳои меҳнатӣ, тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, пешбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ, қабул ва озод намудани корманд, сохтор ва мақомоти Иттифоқи касаба, низоми молиявӣ ва истифодаи маблағҳои иттифоқи касаба, тартиби қабул ба аъзои Иттифоқи касаба, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ тавассути машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ такмил доданд.