13 декабр дар толори меҳмонхонаи «Румӣ» дар доираи лоиҳаи муштараки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кормандони иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар мавзуи «Таъмини меҳнати шоиста дар соҳаи таълимӣ касбӣ ва таълими босифат. Татбиқи самаранокии Тавсияи ТБМ №208» баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи семинар Зулҳия Нозакзода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо, раиси Федерасияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Сергиус Гловатскас, реферанти Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, (тавассути онлайн) ва Собир Аминов, ҳамоҳангсози миллии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои баргузории семинар ибрози андеша намуданд.
Сипас, Кадзутоси Чатани, мутахассиси калон оид ба масъалаҳои шуғли аҳолии дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ оид татбиқи самараноки Тавсияи № 208 Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба таълими босифат, Гоча Александрия, мутахассиси калони Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиш дар ҷои кор дар Тоҷикистон – мушкилот ва имкониятҳо барои такмил ба иштирокчиёни семинар маълумот доданд.
Семинари мазкур то 14 декабри соли равон идома ёфта, дар раванди семинар оид ба Стратегияи иттифоқҳои касаба барои татбиқи самараноки Тавстяи 208 Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, механизмҳои муколамаи иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ барои пешбурди таълими босифат мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, иштирокчиёни семинар дар кори гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои зикргардида байни ҳам табодули афкор менамоянд.