7 декабри дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи кормандони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Норак, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Варзоб маҷлиси машваратии раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси машваратӣ Зулҳия Нозакзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Норак, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Варзобро дар соли 2023 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.
Дар кори маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи дастуру супоришҳои маорифпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳаи маориф ва илм, иҷрои саривақтии қарорҳои анҷуман, пленум ва раёсат, назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои Иттифоқи касаба, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди ҳисоботи даврӣ, рӯйхати сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун расонаи таблиғкунандаи ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъолияташон манъ карда шудааст, супоришҳои мушаххас доданд.