Дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
16 ноябр дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – бунёдгузори давлати миллӣ» бо иштироки кормандони дастгоҳ, раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва мудири кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Мирзоев Ғаффор, ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа, профессор, Мирзоев Ғаффор, мудири кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди илму маориф дар даврони истиқлоли миллӣ», Фаридун Исматуллозода, раиси Иттифоқи касабаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Хизмати бузурги таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ», Аълохуҷа Холов, раиси Иттифоқи касабаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит оид ба «Президент-ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста» маъруза намуданд.
Зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашнест, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мешавад. Таърихи замони Истиқлол собит кард, ки интихоби шакли идораи президентӣ интихоби оқилонаи миллат буд. Сулҳу субот ва созандагиву бунёдкориҳое, ки имрӯз дар кишварамон дорем, самараи шакли идораи президентӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Иштирокчиёни ҳамоиш бо эътимоди комил иброз доштанд, ки ном ва кору пайкори садоқатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллӣ бо номи Тоҷикистон ва сарнавишташон бо сарнавишти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пайванди абадӣ ёфтааст.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати миллӣ табодули афкори судманд намуданд.
Барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди илми ватанӣ, Мирзоев Ғаффор, доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба «Ифтихорнома»- и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.