20 октябр дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, маҷлиси сайёри Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023 ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сипас Қ.Раҳимов, сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Панҷакент, Бустон, Хоруғ, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Темурмалик, Ишкошим, Мурғоб, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизес ва сиёсати Тоҷикистон, оид ба вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Конибодом, Кӯлоб, Роғун, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Дӯстӣ, М.Қурбонов мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, оид ба вазъи омодагии муассисаю ташкилотҳои соҳаи маориф барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, И.Хӯҷаев, сардори раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ оид ба ҷамъбасти истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 гузориш доданд.
Аъзоёни Раёсат як қатор қарорҳо аз ҷумла «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023», «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Панҷакент, Бустон, Хоруғ, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Темурмалик, Ишкошим, Мурғоб, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизес ва сиёсати Тоҷикистон, оид ба вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Конибодом, Кӯлоб, Роғун, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Дӯстӣ», «Дар бораи ҷамъбасти истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023», «Дар бораи вазъи омодагии муассисаю ташкилотҳои соҳаи маориф барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» муҳокима ва тасдиқ намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати қарорҳои Раёсат, нақшаи чорабиниҳо, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дастуру супоришҳо доданд.