Дар доираи лоҳаи муштараки Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16-18 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена» оид ба омода намудани фаъолони иттифоқи касаба ҷиҳати роҳандози маҳфилҳои иттифоқи касаба семенари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семенари мазкур, сарпарасти лоиҳа Роберт Густафсон, котиби байналмилалии Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия оид ба замина ва ҳадафҳои лоиҳа, доираи омӯзиши мафилҳои иттифоқи касаба, афзалиятхои маҳфилҳои омӯзишӣ, омузиши, муқаддима ва шарҳи дастуре, ки аз ҷониби TUESWRT таҳия шудааст, корҳои омӯзиширо роҳандозӣ намуд.
Иштирокчиён семенар дар доираи корҳои амалӣ оид ба усулҳои истифодашуда, мулоҳизаҳои инфиродӣ, гурӯҳҳо, кори гурӯҳӣ, нақшҳо, нақшҳо ва масъулиятҳо, вазифаҳои асосии маҳфил, муқоиса ва фарқиятҳо, вазифаҳои асосии маҳфилҳои иттифоқи касаба,донишҳои назариявии хешро амалӣ намуданд.
Дар анҷоми кори семенар ба иштирокчиён сертификати Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.