Бахшда ба Рўзи умумиҷаҳонии амал барои меҳнати арзанда дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо иштироки раисон, нозирони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш, Муҳаммад Қурбонов, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рўзи умумиҷаҳонии амал барои меҳнати арзанда маърӯза намуда, фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифро таҳлил карда, ба масъулон дастур дод, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон фаъолияташонро боз ҳам густариш бахшанд.
Таъкид гардид, ки бо фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат, таъсиси ташкилоту корхонаҳо, ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандону аъзои оилаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.