Дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бахшида ба ин санаи муҳим ҳамоиш доир шуд. Имрӯз дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳ, раисони ташкилотҳо ҳамоиш баргузор гардид.Таъкид гардид, ки имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омадаанд.Мо минбаъд низ бояд бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаву созандаи худ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо намоем ва тамоми имконияту иқтидорамонро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоламон ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ сафарбар созем.Гуфта шуд, ки ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад.Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ дар мавзуъҳои «Пешвои маорифпарвар» ва «Таҳкими ҳаракатаи Иттифоқҳои касаба дар даврони Истиқлоли давлатї» маъруза намуданд.Изҳор гардид, ки маҳз дар ҳамин давра Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бори нахуст иди касбии хешро таҷлил менамоянд, бо таъкиди Пешвои маҳбубамон: «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.»