31-и августи соли ҷорӣ дар шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғория бо иштироки раисони Иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи кишварҳои Полша, Озорбойҷон, Қирғизистон, Булғория ва Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ. Вазифа ва дурнамои он дар таълимоти инноватсионӣ» бо иштироки вазири маорифи Ҷумҳурии Булғория баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккули зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон» баромад намуд.
Зикр намуд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул намудааст. Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, дар самти таъсиси IT паркҳо ва рушди рақамикунонии иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.
Дар ҷумҳурӣ озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бо номи «TajRupt» фаъолият дорад. Он аввалин чунин озмоишгоҳ буда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир арзёбӣ мегардад. Он дар таҳияи барномаҳо ва кор дар самти зеҳни сунъӣ нақши бориз дошта, тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси озмоишгоҳ маҳсуб мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ Марказҳои зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш рушди илму техника, дарёфти малакаҳои зеҳнии донишҷӯён мебошад.