Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихормандӣ иброз намуда буданд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад».
Ин суханҳои волои Пешвои муаззами миллат, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки пайваста ҳомии муҳофизи обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон бошад, Ватани худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва нерӯмандию иродаи қавӣ ҳамчун сарзамини биҳиштосо ва созандаву тобанда муаррифӣ намояд.
Дар шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғория бо ташаббуси Иттифоқи касабаи омӯзгорони Булғория (Синдикат на Българските учители) ва Федератсияи меҳнаткашони Булғория, Спартакиадаи байналмилалии варзишӣ миёни кормандони Иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф баргузор гардида истодааст.
Дар оғози мусобиқа зикр гардид, ки футбол чун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ҳамчун падидаи варзишӣ эътироф шуда, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад.
Дастаи футболи хурди «Иттифоқ»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди чор пирӯзии пайҳам бо дастаҳои «Варна» ба ҳисоби 4:0, «София» ба ҳисоби 4:3, «Шумен» ба ҳисоби 4:0 ва «Сливен» ба ҳисоби 5:1 ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқа фардо 1 сентябр баргузор хоҳад шуд, ки дастаи «Иттифоқ» дар даври нимниҳоӣ бо дастаи Иттифоқи касабаи омӯзгорони Полша рақобат хоҳад кард.