Дар басти сеюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» 398 нафар кўдакони ятиму бепарастор, тарбиятгирандагони мактаб‐интернатҳо, кўдакон аз оилаҳои ниёзманд ва кўдакони болаёқат истироҳат намуданд.
Дар ҷамъбасти басти сеюми истироҳатгоҳ, зикр гардид, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандўстӣ ва ахлоқи ҳамида дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, таъкид кардаанд: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».
Дар истироҳатгоҳ бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кӯдакону наврасон ба машғулиятҳои фароғатию солимгардонӣ ва омӯзишиву варзишӣ, инчунин ба маҳфилҳои адабию ҳавасмандгардонӣ машғул гардида, вобаста ба майлу хоҳиши кӯдакону наврасон озмуну маҳфилҳои адабӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ байни онҳо гузаронида шуд.
Дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки табъи кӯдакону наврасон болида гардид.