19 июни соли 2023 басти аввали истироҳати кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар минтақаи сайёҳию истироҳатии Варзоб оғоз гардид.
Дар басти аввал 350 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати кӯдакони шунавоияшон суст ва деркардашудаи ноҳияи Рӯдакӣ» ба истироҳату фароғат фарогир гардидаанд.
Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» баъди тармим бо намои нав диққати кӯдакону наврасонро ҷалб намуда, тибқи нақшаи кори истироҳатгоҳ барномаҳои фароғатӣ, тарбиявӣ, озмунҳои китобхонию варзишӣ барои кӯдакону наврасон роҳандозӣ мегардад.