Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Спартакиадаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи намуди футболи хурд ва шоҳмот ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар даври ниҳоии Спартакиадаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд дастҳои Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз рӯи намуди шоҳмот дастаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадамек Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти Спартакиадаи варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми якум, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мақоми дуюм ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мақоми сеюм, аз рӯи намуди футболи хурд Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мақоми дуюм ва Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон мақоми сеюмро касб намуданд.
Ғолибони Спартакиади варзишӣ бо ҷом, нишон ва мукофотҳои соҳавӣ ва молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷамъбасти Спартакиадаи варзишӣ, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҳар аъзои Иттифоқи касаба бошад.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Дар ҷумҳурӣ рӯи намудҳои мухталифи варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мегарданд.
Бо таъкиди Пешвои миллат: «Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад»