Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мулоқоти Зулҳия Нозакзода раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои маъмурию ҳудудї, фаъолони иттифоқи касаба, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот мазкур Асламшоева Нилуфар, муовини раиси ВМКБ, Мирзоќандов Аминҷон, сардори Раёсати маорифи ВМБК, Комилбек Амид Ёрбек, ректори Донишгоҳи давлатиии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Шоғузанфаров Саидмансур, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ, Ширинзода Муҳиддин, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Ҷураева Нигина, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, зимни мулоқот, нахӯст ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМБК, раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои баргузории мулоқот ба раисони ташкилотҳо, фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, донишҷӯёну устодони донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Зикр гардид, ки Бадахшон, ки яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон мебошад, ки дар таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Соҳаи маориф, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба квотаи президентӣ фаро гирифтани духтарон аз деҳоти дурдаст, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлол ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёт, имрӯз дар вилоят рушди бесобиқа дорад.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза ва вазъи бисёр ноорому печида аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб мардуми сайёраро ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардаааст.
Бо таъкиди Пешвои маҳбубамон, мо бояд таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори тайкардаи падаронро омӯзем, идома бахшем, ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем, иқтидори мудофиавии Ватани азизамонро таҳким бахшем, ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон саъю талоши худро дареғ надорем ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибихтиёрамонро боз ҳам баланд бардорем.
Дар мулоқот фаъолони Иттифоқи касаба иброз доштанд, ки дар паҳлуи мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти Бадахшон аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамон, махсусан Бадахшонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд.
Дар анҷоми мулоқот, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм аз раисони ташкилотҳо, фаъолон, аъзоёни Иттифоқи касабаро даъват намуд, ки бештар заҳмат кашанд ва дар татбиқи амалии барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезишуда саҳми муносиби хешро гузоранд.
Зеро, Пешвои маҳбубамон ба таври доимӣ таъкид менамоянд, ки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Баъди анҷоми вохӯрӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе аз вазъи иҷтимоии кормандони соҳа, ки бар офати табиӣ хисорот дидаанд, шинос гардида ба онҳо кӯмакҳои молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро расониданд.
Зикр гадид, ки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм аз рӯзҳои аввали ба миён омадани офати табиӣ дар қаламрави вилоят, махсусан дар шаҳри Хоруғ ба ҳама оилаҳое, ки бар асари офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ наздиконашонро аз даст доданд, ҳамдардӣ баён намуда, дар рӯзҳои сахту сангин ғамшарики азиятдидагон буданду баҳри бартарафсозии оқибатҳои офат аҳлона заҳмат кашиданд.
Хотираи қурбониёни ин офати табииро кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм пос дошта, аҳлу оилаи онҳо дар таваҷҷуҳи доимии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қарор мегирад.

От admin