Дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 май дар мавзуи «Мароми Иттифоқҳои касаба — якдилии меҳнаткашон» ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Файзизода Исмоил Нарзӣ, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Наимова Вера Романовна, собиқадори иттифоқи касаба, собиқ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳ, раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм иштирок намуданд.
Ҳамоишро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 майро меҳнаткашони тамоми дунё аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи баланд, пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки: «Бузургтарин сарвати Тоҷикистон халқи меҳнатдӯст, мардуми ҷӯяндаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад».
Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 май дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бо ташаббуси бевоситаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат таҷил карда мешавад.
Саҳми ташкилоти мазкур, дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои пайваста Пешвои маҳбубамон барои меҳнати арзанда шароити мусоид фароҳам гардидааст ва меҳнати шоистаи ҳар як корманд баҳри ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон равона гардидааст.
Сипас, Қурбонов Муҳаммад Сафарович, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, маърӯза дар мавзуи «Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм: имрӯз ва фардои он» маърӯза намуда, Файзизода Исмоил Нарзӣ, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Наимова Вера Романовна, собиқадори иттифоқи касаба, собиқ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба оид ба якдилии меҳнаткашон дар даврони истиқлоли миллӣ андешаҳои хешро иброз доштанд.