Имрўз дар толори хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси раёсати якуми иттифоқи касабаи вилоятӣ баргузор гардид.
Дар кори он Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозакзода З.З., ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Аюб Усмонзода, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов, аъзоёни раёсат, раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи маорифи вилоят иштирок намуданд.
Раиси раёсат Самизода Мӯсобек Самӣ ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Рӯзномаи ҷаласа аз 4 масъалаи асосӣ ва 7 масъалаи ҷорӣ иборат буда, он аз тарафи аъзоёни раёсат бо овоздиҳии кушод тасдиқ гардид.
Тибқи рӯзнома дар оғоз ҳисоботи Самизода Мӯсобек Самӣ барои семоҳаи аввали соли 2023 шунида шуд. Қайд карда шуд, ба ҳолати 1 январи соли 2023 Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд 1227 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаро муттаҳид намудааст. Аз 86620 афар аъзо (46350 нафар омӯзгор, 19625 нафар корманди техникӣ, 20645 нафар донишҷӯ) муттаҳид гардидааст, ки 46078 нафарро занон ташкил медиҳад.
Аз 1227 ташкилотҳои ибтидої, 800 раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кабинети корӣ таъмин мебошанд, ки ин нишондод 66 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ, шумораи аъзоёни иттифоқи касаба аз ҳисоби омӯзгорону кормандони соҳа 441 нафар коҳиш ёфтааст. Соли гузашта шумораи умумии аъзоёни иттифоқи касаба 66416 нафар ва шумораи аъзоён аз ҳисоби донишҷӯён 20285 нафарро ташкил медод. Имсол шумораи аъзоёни Иттифоқи касаба аз ҳисоби омӯзгорону кормандон 65975 ва аз ҳисоби донишҷӯён 20645 нафарро ташкил мекунад.
Дар семоҳаи аввали соли 2023 Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят бо Васоити ахбори омма ҳамкории самарабахш ба роҳ монд. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои иттифоқи касаба дар рӯзномаҳои даврии соҳавӣ зиёда аз 25 маводҳои гуногун аз фаъолияти Иттифоқи касаба ба нашр расиданд. Тариқи сомонаи иҷтимоии Фейсбук бошад дар соли равон зиёда аз 27 хабару мақолаҳо аз фаъолияти Иттифоқи касаба ба нашр расид. Ҳамзамон дар сомонаи расмии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд sugdkasaba.tj низ наздик ба 4 хабар ба нашр расидааст. Дар ин давра 11 чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят тариқи телевизиони Ҷаҳоннамо, Суғд ва Танин пахш гардидааст. Инчунин аз тарафи Иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук зиёда аз 45 хабар ба нашр расидааст. Дар ин замина гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳои нашргардида хатогиҳои имлоӣ дошта мазмунан ҷумлаҳои хароб мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо дастур дода мешавад, ки пеш аз расонаӣ кардани хабару мақолаҳо онро таҳлил намоянд. Дар ин масъала бояд ҳамкории хубу самарабахш бо омӯзгорони забон ва адабиёт ба роҳ монда шавад.
Дар семоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо 25 чорабиниҳои маданию маърифатӣ 7 мизи мудаввар, 6 конференсияи илмию назариявӣ, 14 чорабиниҳои варзишӣ, 25 семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Инчунин аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар ин давра 1 конференсия, 1 семинари омӯзишӣ, 2 мизи мудаввар, 2 чорабинии идона, 1 ҷаласаи корӣ доир гардидааст. Дар ин давра аз тарафи раисони Иттифоқи касаба зиёда аз 20 маводи тарғиботӣ дар сомона, саҳифаи иҷтимоӣ ва нашрияи «Ҳомии омӯзгор», “Кошонаи умед”, “Ҳамраъйӣ” ба нашр расонида шуд.
Инчунин дар раёсат санҷиши вазъи иҷрои низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, иҷрои талаботҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар шуъбаи маориф ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Шаҳристон ва Ҷ.Расулов, вазъи иҷрои талаботи модаи 333-335-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои созишномаҳои минтақавӣ, шартномаи коллективӣ, дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстон ва н.Мастчоҳ, Дар бораи рафти омодагии лагери солимгардонии Суғд ва Чиларчаи шаҳри Панҷакент ба мавсими истироҳати соли 2023. Кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи вилоят Темурова М. Ҳайдаров Д.К, Сайфидинов Ф., оид ба ин масъала гузориш ироа намуданд.
Ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир барои фаъолияти софдилона, ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2023 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат якчанд фаъолон қадрдонӣ карда шуданд.