17 апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси раёсат нахуст оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2023, ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сипас, Расулов Б., сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ, оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи М.С.Осимӣ, Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба вазъи қабул ва хориҷ кардан аз аъзогии Иттифоқи касаба дар ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Файзобод, Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, оид ба вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Ёвон, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузориш доданд.
Дар кори маҷиси раёсат лоиҳаи як қатор қарорҳо: «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2023», «Оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи М.С.Осимӣ, Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон», .«Оид ба вазъи қабул ва хориҷ кардан аз аъзогии Иттифоқи касаба дар ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Файзобод», «Оид ба вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Ёвон, Бобоҷон Ғафуров, Иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024», «Дар бораи тасдиқи ҷадвали воҳидҳои корӣ ва музди меҳнати кормандони мавсимии Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи арзиши роҳхати Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охири кори маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси раёсат баррасишуда, ба аъзоёни раёсат ва раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба ҷиҳати иҷрои босамари Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд», қарорҳои Анҷумани XIII, қарорҳои пленум ва раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

От admin