17-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшу сохторҳои зертобеи вазорат ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҷлил гардид.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илм кулли кормандони соҳаи маорифро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Ин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари тоҷик меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Сипас, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби вазири маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба як қатор кормандони вазорат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Ифтихорнома” тақдим гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳунармандони хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон