Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо иштироки Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раисон, нозирони ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бахшида ба эълон гардидани соли 2023 – «Соли ҳифзи меҳнат», ки бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 тасдиқ гардидааст, ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба ва комиссияҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касаба амалӣ менамоянд.
Аз ин рӯ, нозирони ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро зарур аст, ки аз ҷониби корфармоён риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнатро назорат намоянд, мустақилона шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандонро ташхис гузаронанд, дар тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок намоянд, ба корфармоён дар бораи бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат додани амрномаҳои ҳатмиро ба амал бароранд, тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд ва дар муассисаҳои соҳаи маориф риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба корфармоён таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш зикр гардид, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2023 – «Соли ҳифзи меҳнат» дар байни нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, озмуни «Беҳтарин нозири Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.