8 феврали соли 2023 бо иштироки Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раисон, нозирони ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, перомуни шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид.
Зикр гардид, ки яке аз тадбирҳои судманде, ки Пешвои миллат тавассути паёмҳои хеш ироа менамоянд, ин сол то сол тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Вобаста ба ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2023, №526 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тавсиб расид.
Дар мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 06.02.2023, №526 шарҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабро ҳамчун боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин донистанд, зеро масъалаи саводу маърифат, илму дониш, мактабу маориф аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Роҳбари давлат дар таваҷҷуҳи доимияшон қарор дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд.
Дар интиҳо иштирокдорон бо ҷонибдорӣ аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро баён намуданд.