СОЛИ 2023 – СОЛИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ
19 январ дар ҶСК «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» семинари омӯзишӣ
барои раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ оғоз гардид.
Семинари омӯзишӣ дар партави қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 – «Соли ҳифзи меҳнат» эълон карда шудааст, роҳандозӣ гардида, тайи ду рӯз раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ оид ба масъалаҳои талаботи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат, додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор, ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат, тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳна, сарчашмаҳои маблаѓгузории ҳифзи меҳнат, ҳифзи меҳнат дар ташкилот, назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил медиҳанд.
Дар оғози семинар ба раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба муносибати «Соли 2023 – соли ҳифзи меҳнат», ки бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 – «Соли ҳифзи меҳнат» эълон карда шудааст, тавзеҳ дода шуд.