Имрӯз бо иштироки Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоил Файзизода, муовини якуми раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Зиёдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон басти аввали истироҳати кӯдакону наврасон дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» воқеъ дар минтақаи сайёҳии Варзоб ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъкид доштанд, ки: «Назорати масъалаи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.
Бинобар нокифоя будани маблағҳои ба ин самт равонашуда ҳар сол қарори алоҳидаи Ҳукумати мамлакат дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон қабул гардида, барои кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакону наврасони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истироҳати тобистона ташкил карда мешавад.»
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, ин мутобиқ сохтани пояҳои моддӣ ва тақвияти шароити иҷтимоӣ барои кӯдакону наврасон мебошад. Вобаста ба ҳалли мушкилот, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тасмим гирифт, ки шароити беҳтару созгорро барои истироҳаткунандагон фароҳам оварад, ки имрӯз ҳар яки мо шоҳиди бевоситаи дигаргуниҳо дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» гардидем.
Роҳбарияти истироҳатгоҳ кушиш ба харҷ медиҳад, истироҳату фароғати мусоидро барои кӯдакону наврасон фароҳам оварад. Ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, ватандӯстию варзишӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва дигар номгӯи чорабиниҳо, маҳз барои фароғату истироҳати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳ ба роҳандозӣ гардидааст.

От admin