Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ иштирок намуданд.
Н. Ҷўраева – мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо Ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм зимни баромади худ оид ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти кумитаҳои иттифоқи каабаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2017 изҳори ақида намуда, саҳми кумитаҳоро дар рушди давлати соҳибистиқлол ва тарбияи ҷавонон – донишҷўёни ватандўст муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласа доир ба лоиҳаи Низомномаи озмуни фарҳангие, ки байни донишҷўёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврўз таҳия шуда буд, андешаҳои ҷолиб баён гардид. Ҳамзамон, дар ҷаласа Нақшаи фаъолияти кори Комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ барои соли 2017, Низомномаи Шўрои донишҷўён дар хобгоҳ, тартиби додани ордерҳо ба донишҷўёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ баррасӣ гардид.
Инчунин, дар ҷаласа нақшаи номгўи чорабиниҳое, ки оид ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣ, аз қабили 24-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, Соли ҷавонон, иди байналмилалии Наврўз ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ таҳия шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баррасии масъалаҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон фикр андешаҳои худро иброз доштанд.