13 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон вохўрӣ доир гардид, ки дар он З. Давлатзода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Г. Бобосодиқова – узви Шўрои занон-сулҳҷўён, Г. Аҳророва – роҳбари Маркази бўҳронии «Боварӣ ба фардо», М. Ҳусейнова – ҳимоятгар (адвокат)-и Маркази бўҳронии «Боварӣ ба фардо», М. Бобобекова – шоира, Н. Ҷўраева – мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм ва омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

 

     Вохўрии мазкур зери унвони «Ҳаёти солим бидуни зуроварӣ ва нақши ҷавонон дар нигоҳ доштани сулҳ субот дар кишвар» роҳандозӣ гардида, иштирокдорон вобаста ба нақши ҷавонон дар рушду нумўи кишвар ва дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо суханронӣ намуданд. Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҷавонписарону ҷавондухтарон барои барпо намудани оила бояд омодагии ҳамаҷониба дида, барои пешбурди ҷомеа оилаи солимро бунёд намоянд. Дар рафти ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷўён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

От admin