Дар шаҳри Хуҷанд барои фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳу ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи Консорсиум семинари омӯзишӣ ба анҷом расид.
Дар семинари омӯзишӣ, фаъолони иттифоқи касаба оид ба сохтор, мақсад ва вазифаҳои Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди назорати ҷамъиятӣ, коргузорӣ дар Иттифоқи касаба, методҳои баргузории маҳфилҳои иттифоқи касаба, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифокҳои касаба ва соҳаи меҳнат ва дигар масоили марбут ба фаъолияти иттифоқи касаба, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд.
Дар анҷоми семинари омӯзишӣ, фаъолони итттифоқи касаба сертификати Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.