Хуҷанд. Дар шаҳри Хуҷанд барои фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳу ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи Консорсиум семинари омӯзишӣ оғоз гардид.
Дар семинари омӯзишӣ, фаъолони иттифоқи касаба оид ба сохтор, мақсад ва вазифаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди назорати ҷамъиятӣ, коргузорӣ дар иттифоқи касаба, методҳои баргузории маҳфилҳо дар иттифоқи касаба, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои касаба ва соҳаи меҳнат, зарурати бастани шартномаи коллективӣ, тарафҳои шартномаи коллективӣ, тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, мазмуни шартномаи коллективӣ, муҳлати амали шартномаи коллективӣ, кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ, уҳдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективӣ ва ва дигар масоили марбут ба фаъолияти иттифоқи касаба, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил медиҳанд.

От admin