Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Муслимҷон Сайидмурод, мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» багузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Зулҳия Нозакзода «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтдидоии «Иттифоқ» аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда» шунида шуд. Сипас аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ, раис, муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» ва вакили Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсиро интихоб намуданд.
Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иттифоқ» фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзоёни ташкилот ва бедор намудани ҳисси худшиносии ҷавонону наврасон, дар рўҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо, талқини ѓояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзоён дар нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иттифоқ» баҳри иҷрои барномаҳои давлатӣ ва қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории чоранибиҳои гуногунро ба ҳисоб гирифтааст.
Аъзоёни ташкилот пайваста дар чорабиниҳои гуногуни дохилӣ ва берун аз он, дар сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҳиссаи арзандаи худро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва рушду нумуи ватанамон мегузоранд.