Имрӯз дар доираи ҳамоиши минтақавии шарикон: «Системаи маориф ва иттифоқҳои касаба дар малакатҳои тараққикунандаи Осиёи Марказӣ: мушкилотҳои асосӣ ва ҳалли он», ки бо иштироки намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳуриҳои Туркия, Белорус, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар меҳмонаи «Серена» баргузор гардид, миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Татяна Якубович, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Белорус зимни имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, иброз доштанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Ҷонибҳо зимни имзои Ёддошти тафоҳуми ҳакорӣ, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои таҳкими ҳамкории иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор доштанд. Чунин омодагӣ ҳамзамон барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ду кишвар таъкид шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳаи иттифоқи касаба, маориф, ҳамкории муассисаҳои олии таълими Тоҷикистону Белорус баррасӣ гардид.