Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки: «Дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.

Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.»

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад.

Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамчунин барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас меандешад.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқҳои меҳнатии аъзои худро ҳимоя намуда, дар таҳияи сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ширкат варзида, оид ба ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз корхона аз кор озод мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Аъзои иттифоқи касабаро ҳангоми бастан ё қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳифз мекунанд, дар якҷоягӣ бо корфармо шахсони нав ба кор қабулшударо бо мазмуни созишнома ва шартномаи коллективӣ ва ҳуҷҷати таъсисии шахси ҳуқуқӣ шинос менамоянд.

Дар сурати номувофиқии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишнома ва шартномаи коллективӣ иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд аз корфармо тағйир додани шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро ба манфиати корманд — узви иттифоқи касаба талаб намоянд.

Иттифоқҳои касаба дар таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва пешгирии касалиҳои касбӣ ва бехатарии экологиро ба тартиб медароранд, ширкат меварзанд. Ҳамчунин, нисбати риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҷамъиятӣ мебаранд.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ташхиси бехатарии шароити меҳнати иншоотҳои ба лоиҳа гирифташуда, сохташаванда ва истифодашавандаи истеҳсолӣ, инчунин механизму асбобҳои ба лоиҳа гирифташаванда ва истифодашаванда, аттестатсияи ҷойҳои корӣ доир ба шароити меҳнат иштирок намоянд.

Дар ҳолатҳои ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид мекунанд, иттифоқҳои касаба, нозирони ҷамъиятии онҳо оид ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд аз корфармо ҳатман бартараф намудани ин ҳуқуқвайронкуниҳоро талаб намоянд, ҳамзамон ба мақомоти давлатӣ ва хадамоти назорати меҳнат барои андешидани чораҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.

Дар мавриди иҷро накардани талабот оид ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан дар ҳолати таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандон, иттифоқҳои касаба, нозирони ҷамъиятии онҳо оид ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд то аз тарафи мақомоти дахлдор қабул шудани қарор аз корфармо боздоштани корҳоро талаб намоянд.

Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва мақомоти онҳо барои бурдани музокироти коллективӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Намояндагии иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо барои аз номи кормандон бурдани музокироти коллективӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ дар сатҳи умумидавлатӣ, соҳавӣ ё минтақавӣ мутаносибан бо шумораи аъзои иттифоқи касаба, ки онҳо муттаҳид менамоянд, муайян карда мешавад.

Бо корфармоёни дахлдор, иттиҳодияҳои онҳо ва мақомоти идоракунии давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои худ, муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рўзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кўмакпулиҳо, назорати иҷрои ин чорабиниҳо, инчунин оид ба дигар масъалаҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд созишнома ва шартномаҳо банданд.

Иттифоқҳои касаба бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсими манзили истиқоматӣ, инчунин маблағе, ки барои сохтмони манзил равона карда шудааст, иштирок намуда, дар корхонаҳо дар бобати баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба беҳтар намудани шароити манзил ниёз доранд, истифодабарии манзили идоравӣ ва хизматӣ, хобгоҳҳо ва дигар манзилҳои истиқоматӣ назорати ҷамъиятиро ба роҳ мемонанд.

Иттифоқҳои касаба ба рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ назорати ҷамъиятӣ мебаранд. Дар сурати риоя накардани шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд ба тарафи дигари созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ оид ба рафъи ин қонуншиканиҳо пешниҳод равон менамоянд, ки он дар мўҳлати муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баррасӣ гардад.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро пешбинӣ менамояд.

Дар ин росто, Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2021 – 2023 мавриди амал қарор дорад.

Қабули Созишномаи генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ доим дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, мусоидат намудан дар афзоиши даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии кишвар, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ, таъмин кардани меъёрҳои ҳадди ақалли иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Созишнома ба ҳисоб мераванд.

Дар асоси ин ҳуҷҷат созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва корхонаву ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, шартномаҳои коллективӣ баста мешаванд.

Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои кишвар дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҳамин тавр, Иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд.

Зулҳия Нозакзода,

узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фирдавсӣ

От admin