Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Зеро оила-сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист ва ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфамиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбад».
Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба сар омадаро раф созад. Муҳаббат танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад.
Оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсони бояд шукуфон бошад.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарифи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек, муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфамиву таҳаммулгароӣ орзу менамоем.
Рӯзи байналмилалии оила муборак!