дар шаҳри Ҳисор дар доираи лоиҳаи Консорсиум бо сарпарастии Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Авупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб семенари омӯзишӣ оғоз гардид.
Фаъолони иттифоқи касаба тайи се рӯз оид ба сохтор, мақсад ва вазифаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, нақши нозирони меҳнат ва ҳуқуқ дар назорияти ҷамъиятии қонунгузории соҳаи меҳнат, зарурати бастани шартномаи коллективӣ, тарафҳои шартномаи коллективӣ, тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, мазмуни шартномаи коллективӣ, муҳлати амали шартномаи коллективӣ, уҳдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективӣ, назорати татбиқи созишнома ва шартномаи коллективӣ, бақайдгирии созишнома ва шартномаи коллективӣ, масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаи коллективӣ, тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ, намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ, коргузорӣ дар иттифоқи касаба, методикаи баргузории маҳфилҳои иттифоқи касаба, таҳлил, баррасӣ ва нақшагирии мушкилоти мавҷуда, нақшагирӣ дар сатҳи мақомоти иттифоқи касаба, масъулият дар таъмини иҷрои нақшаи кор ва дигар масоили марбут ба иттифоқи касаба ба таври назариявӣ ва амалӣ, мубодилаи афкор менамоянд.