Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Спартакиадаи варзишии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи намудҳои волейбол (байни писарон) ва тениси рӯйи миз (байни духтарон) оғоз гардид.
Зикр гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зеро соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён, аз 27 май то 31 майи соли 2022 дар Маҷмааи варзишӣ, Спартакиадаи варзишии донишҷӯёнро аз рӯи намуди волейбол (миёни писарон) ва тениси рӯйи миз (миёни духтарон) роҳандозӣ менамояд.
Нахуст дар Спартакиади варзишӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Донишгоҳи давлатии Данғара, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди волейбол байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд.
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа ҷойи якум, дастаҳои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мақомҳои дуюму сеюмро сазовор гардиданд.
Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони даври минтақавии Спартакидаи варзишии донишҷӯёнро бо мукофотҳои пулӣ ва мукофотҳои соҳавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Даври ниҳоии Спартакиадаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол рӯзи 31 майи соли равон миёни дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва ғолиби дастаи варзишии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғду Хатлон, ҳамчунин мусобиқаи тениси рӯйи миз миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад.