14 апрел таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.Дар кори маҷлис нахуст Неъматзода Маликшо- раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба нақши Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир, вазъи шарикии иҷтимоӣ, тарғибу ташвиқи масъалаҳои худшиносӣ, таҳкими амну субот дар ҷомеа ибрози андеша намуд.Сипас, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм оид ба «Фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2022» гузориш дод.Оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ашт, Дӯстӣ, Сангвор, Бобоҷон Ғафуров, Фархор, Раҳимов Қ.-сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ, Қурбонов М.-мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ гузориш дода, ҳисоботи Ф. Буризода- раиси Комиссия оид ба масъалаҳои гендерӣ, ҷавонон ва робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ шунида шуд.Сипас, аъзои раёсат лоиҳаҳои як қатор қарорҳо, аз ҷумла: «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2022», «Дар бораи вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ашт, Дӯстӣ, Сангвор, Бобоҷон Ғафуров, Фархор», «Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои гендерӣ, ҷавонон ва робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ, «Дар бораи конференсияҳои ғайринавбатии Иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ванҷ.», «Дар бораи тасдиқи «Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Дар бораи тасдиқи «Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Иттифоқҳои касаба», «Дар бораи пешбарии номзадҳо ба мукофотҳои соҳавии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд..Дар анҷоми кори маҷлис барои самарабахш ҷамъбаст намудани фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022, ба роҳ мондани семинарҳои омӯзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳо дар сатҳи баланд, барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии омӯзгорон, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани шарикии иҷтимоӣ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМБК, вилоятҳои Хатлон, раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Дӯстӣ, Сангвор, Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин бахшида ба Рӯзи илм: Мироватов М., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Ёрзода Ф., номзади илмҳои педагогӣ-раиси Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Зикирзода Ҳ., номзади илмҳои фалсафа, дотсент,-раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Самиев З., номзади илмҳои филология, дотсент-раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДМТ бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.