21 март дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм таҳти унвони «Тоҷикисон ватани Наврӯз аст» ҳамоиши наврӯзӣ доир гардид. Дар ҳамоиши наврӯзӣ ҳафтсину ҳафтшини кормандони дастгоҳ, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, Шаҳринав намоиш дода шуд.Зулҳия Нозакзод, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кард ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.Доктори илмҳои филологӣ, профессор Хол Холов, Мироватов М., Ширинзода М., раисиони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятҳои Суѓду Хатлон, адиб Ҳасан Юсуфи Файзбахш, рӯзноманигор Ҳотами Ҳомид оид ба фазилати ҷашнигирии Наврӯз, саҳми мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯзи байналмилалӣ, суханронӣ намуданд.Ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе барномаи театркунонидашуда, мусобиқаҳои варзишии Маҷмааи варзишии «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқи касаба», ҳунармандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пешкаши меҳмонон намуданд.Зикр гардид, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

От admin