25 феврал дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тахти раёсати Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки М.Неъматзода- раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, маҷлиси пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис ҳисоботи Икром Хӯҷаев, сардори раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ оид ба буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли
2021 шунида шуд. Сипас, аъзои пленум буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2022, лоиҳаҳои як қатор қарорҳоро дар бораи тасдиқи санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муҳокима намуда, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар охири кори маҷлис, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси пленум баррасишуда, ба аъзоёни пленум ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, Барномаи амали Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2028, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», пешгирии радикализми динӣ, хурофот дар байни донишҷӯёну омӯзгорон, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз, супоришҳои мушаххас доданд.