Дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон курси такмили малака ва бозомӯзии раисон ва нозирони ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон оғоз гардид.
Курси мазкур тайи се рӯз идома ёфта, оид ба масъалаҳои Иттифоқи касаба дар шароити муосир, татбиқи шарикии иҷтимоӣ,
созишнома ва шартномаи коллективӣ, ташкили ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тарзи пешбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ, коргузорӣ дар иттифоқи касаба, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохӯш дар истеҳсолот, тарзи тартиб додани санади шакли Н-1 ва Н-2, тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои кории кормандон, ҳукуқ ва вазифаҳои нозирони меҳнат, ваколатдори ҷамъиятӣ ва вазифаҳои онҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба қонунгузории меҳнат ва иттифоқи касаба, донишҳои назариявӣ ва амалиявии худро такмил медиҳанд.
Курси мазкур дар асоси Нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи амали Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2028 роҳандозӣ гардидааст.