Дар толори меҳмонаи «Суғдиён» дар доираи лоиҳаи Консорсиум бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, семинари омӯзишӣ идома дорад.
Фаъолони иттифоқи касаба дар доираи семинари омӯзишӣ ба таври амалӣ масъалаҳои тарафҳои шартномаи коллективӣ, тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, мазмуни шартномаи коллективӣ, муҳлати амали шартномаи коллективӣ, таѓйиру иловаҳо ба шартномаи коллективӣ, кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ, ӯҳдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективӣ, назорати татбиқи созишнома ва шартномаи коллективӣ, бақайдгирии созишнома ва шартномаи коллективӣ, масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаи коллективиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар доираи семинарии омӯзишӣ, фаъолони иттифоқи касаба мушкилоти мавридии хешро дар самти фаъолият баррасӣ намуданд.