Имрӯз дар толори меҳмонаи «Суғдиён» дар доираи лоиҳаи Консорсиум бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, семинари омӯзишӣ оғоз гардид.
Дар семинаи омӯзишӣ фаъолони иттифоқи касаба оид ба сохтор, фаъолият, асосҳои ҳуқуқӣ, вазифа ва уҳдадориҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин дар раванди семинари омӯзишӣ ба таври амалӣ гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, тарзи бастани шартномаҳои коллективиро ба роҳ монда, оид ба лоиҳаи Консорсиум, сохтори Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия шинос хоҳанд шуд.
Фаъолони иттифоқи касаба мушкилотҳои мавҷудаи иттифоқи касабаро аз рӯйи самти фаъолият дар раванди семинар мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.