Имрӯз толори варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи
Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилиТоҷикистон даври дуюми озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» ҷамъбаст гардид.

Озмун тибқи банди 7 Низомномаи Озмуни беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, ки бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 2/5 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардида дар он ғолибони даври якум Раҳматова Манзура -раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №16 н.Ишкошим, Рабиев Давлаталӣ-раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №15 н.Ховалинг, Агзамова Мунира – раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №21 ш.Хуҷанд, Саъдоншоева Майсара- раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Гимназияи №74 ш.Душанбе, Ҳикматова Гулбибӣ- раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №101-и ш.Турсунзода ширкат намуданд.

Ғолибони даври дуюми озмун бо диплом, Ифтихорнома ва
мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида шуда ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Озмуни мазкур бо ибтикороти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, даври ҷумҳуриявии он бо ғолибони даври дуюми кумитаҳои соҳавӣ то моҳи август ҷамъбаст карда мешавад.

От admin